БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ОГОҲ МЕКУНАД! Гурӯҳи муташаккили қаллобон бо истифода аз номи ширкати «Газпром» мардумро фиреб доданӣ ҳастанд
Бонки миллии Тоҷикистон аз як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони кишвар аз номи ширкати фаръии фаромиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» навор паҳн менамоянд, ҳушдор медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ зикр менамояд, ки гўё Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст ва аз шаҳрвандони мо барои соҳиби маблағи калон шудан дар аввал интиқоли маблағро аз онҳо талаб менамоянд.
Дар робита ба ин Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон