Ба шарафи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радио ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти кумитаи мазкур Иброҳим Аҳмад.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд, бахусус озодии андешаю баён дар ВАО бо назардошти манофеи миллӣ дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ сухан гуфт.
-Конститутсия ва истиқлолият бо ҳам тавъаманд,-изҳор дошт Нуриддин Саид ва илова намуд, ки “қонуни асосӣ на танҳо асосҳои бунёдии давлатдорӣ ва муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеаи моро таҷассум мекунад, балки симои таърихӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати тамаддунофарамонро низ инъикос менамояд. Ва маҳз Истиқлолияти давлатии мо, ки имсол 30-солагии онро бо дастовардҳои бузург таҷлил менамоем, шароити комили татбиқи он ва мақсаду мароми дар Конститутсия муқарраршударо фароҳам овардааст”.
Ноиби ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар Душанбе, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азиз Диноршоев оид ба марҳилаҳои гуногуни таърихи қабулу татбиқи конститутсияҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, инчунин конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои мардум, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумимиллӣ бори аввал бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз роҳи миллати моро ба сӯи музаффарияти нав ба нав муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусияти мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.