Бохти мунтахаби футболи кишвар дар бозии дӯстона бо тими Қазоқистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.
Ин бозии ҷолиб шаби 16 ноябр дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Бозӣ бо ҳуҷуми тарафҳо гузашт. Ҳарчанд тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони тоҷик буд, лаҳзаҳои хуби голзанӣ хеле кам ба чашм расиданд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайнуддинов, легионери 23-солаи мизбонон, ки феълан дар дастаи ССКА-и Москва бозӣ мекунад, дар нимаи аввали рақобат, дар дақиқаи 12-ум ба нишон расонид.
Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд.