Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар ноҳияи Шаҳринав
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таълимии 2-ошёна аз 3 бино иборат мебошад. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, аз сабаби корношоям гаштанаш, пурра аз байн бардошта шуд. Корҳои сохтмонии иморати нав аз моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфтанд. Дар рафти корҳо масъулин сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Шаҳринав дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд шудааст. Дар ин бинои таълимӣ 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бинои нави муассиса, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Бо дарназардошти эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” синфхонаҳои фанни физикаву химия дар ин мактаб барои гузаронидани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонида шудааст.
Қомат афрохтани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 омӯзгоронро рӯҳбаланду ба кори хеш дилгарм намудааст. Бо истифода аз ин шароит, онҳо фаъолиятро дар самти таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам ҷоннок мекунанд.
Дар Муассисаи таълимӣ 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 43 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин шумора 35 нафарро занон ташкил мекунанд. То ба истифода додани бинои нави муассиса, таълим дар ин мактаб дар се баст сурат мегирифт ва мушкилии норасоии ҷойи нишаст эҳсос мешуд. Бо қомат афрохтани иморати нави муассиса мушкилиҳои омӯзгорону хонандагон пурра бартараф гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар баробари сохта ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ҳамчунин оилаи Рӯзиевҳо 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро аз ҳисоби худ асфалтпӯш карда, ин роҳро чароғон намудаанд.
Майдончаи муассиса таъмиру азнавсозӣ гардида, дар он барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам мебошад. Саҳни мактаб сафолакпӯш ва чароғон карда шуда, дар гӯшаҳои алоҳидаи он гулҳои рангоранг шинонида шудааст.
Баъд аз ба истифода додани бинои нави Муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонданд.
Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамгардида хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.