Кумакҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Сангвор расонида шуданд
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Сангвор кумакҳои Пешвои миллат расонида шуданд.
Кумакҳои мазкурро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва муовини аввали Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён тақдим намуданд. Кумакҳо иборат аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ буда, инчунин барои 111 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Зикр гардид, ки ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат мунтазам аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ маънидод мекунанд.