ҚМ ҶТ: Омодагиҳо ба соли нави таҳсил оғоз гардиданд

Дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсил, ки аз аввали моҳи январи соли 2022 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад, бинову синфхонаҳои таълимӣ, аёнияту таҷҳизоти дарсӣ ва дигар шароити зарурӣ омода карда шуда, командирон, муовинони онҳо вобаста ба самти фаъолияти худ ва дигар афсарони масъул нақшаву барномаҳои таълимиро коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Боқӣ Шарифзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки пас аз анҷоми муваффақонаи дарсу таълимоти низомии ҳар давраи таҳсил дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, хизматчиёни ҳарбӣ аз фанҳои дақиқи низомӣ ба таври назариявию амалӣ санҷиш супорида, ҳамчунин ба ҷамъомадҳои гуногуни таълимӣ ва баромадҳои саҳроӣ ҷалб мегарданд.

«Тамринҳои сафӣ-тактикӣ, ки дар доираи ҷамъбасти соли хониш, омодагиҳо ба даври навбатии омӯзиш ва бо мақсади санҷиши омодабошии ҷангӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт ташкилу ба роҳ монда шуд, тибқи матлаби пешакии тамринҳо, гурӯҳи тактикии қисми ҳарбиро зарур буд, то роҳу усулҳои нави ҳифз ва мудофиаи шаҳракҳои ҳарбиро амалан роҳандозӣ намоянд. Аз ин рӯ, бо гирифтани ишора, қабул намудани силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, гурӯҳи тактикии қисми ҳарбӣ дар майдони сафороӣ ҷамъ омода, барои иҷрои ҳама дастуру супоришҳо омодагӣ мегирифтанд. Ҳамин тавр, бо қабул намудани қарори дахлдор вобаста ба вазъияти эҳтимолӣ ва мавзӯву матлаби ба тамринҳои сафӣ-тактикӣ пешбинигардида як гурӯҳ афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо тартиби муқарраргардида амал намуда, ба воситаи техникаҳои ҳарбиву автомобилӣ ва мошинҳои махсуси ба тамринҳои тактикӣ ҷалбгардида ба иҷрои супоришҳои вобасташуда раҳсипор карда шуданд», — зикр намуд Б. Шарифзода.

                              

Ҳамзамон зикр кардан ба маврид аст, ки дар давраи таътил афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ чун дигар низомиёни мамлакат дар баробари ҷалб гардидан ба ҷамъомадҳои амалии таълимӣ ва дар ин замина, сайқал бахшидани донишу маҳорати касбӣ, инчунин тибқи нақшаи алоҳидаи тасдиқгардида ба мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.

Зикр гардид, ки наваскарон тибқи машғулияти таълимии ба онҳо пешбинигардида, ба омӯзиши хусусияти тактикиву ҷангии силоҳу муҳимоти ҳарбӣ машғул шуда, бо роҳи ба қисмҳо ҷудо ва насб намудани навъҳои силоҳ, аз қабили милтиқи мергани Драгунов, пулемёт ва Автомати Калашников, сохт ва қисмҳои таркибии онро  аз худ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастгириву ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлил аз солгарди ин санаи муҳими таърихӣ танҳо дар Вазорати мудофиаи мамлкат ва ҷузъу томи навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ қариб 500 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.

Дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мухталифи ҷашнӣ дар минтақаи Рашт бинои дуошёнаи Раёсати қисми ҳарбӣ бо тамоми шароити муосири хизматӣ ва тарҳу услуби замонавӣ сохта шудааст. Вобаста ба навсозии як қисми ҳарбии зертобеи он хобгоҳи замонавӣ бо имконияти васеи хизматрасонӣ дар дохили бино ва бо фарогирии дигар утоқҳои кориву хизмати маишӣ, хонаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва нигоҳдории силоҳҳои оташфишони ҷангӣ бунёд гардидааст, ки мавриди истифодаи васеи ҳайати шахсӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар дохили қисми ҳарбӣ, мувофиқ ба талаботи давру замон, синфхонаҳои таълимӣ, толори маҷлис, китобхона, истгоҳи техникӣ бо синфхонаҳои тайёрии ронандагӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти гуногун  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Бинову иншооти зикргардида ва шароити фароҳам дар онҳо имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳайати шахсӣ хизмати рӯзмарраи хешро сарбаландона пеш бурда, тамоми машғулияти таълимиву тактикиро дар сатҳи зарурӣ ташкилу роҳандозӣ намоянд ва барои ҳифзу ҳимояи Тоҷикистон ва дастовардҳои беназири 30 соли соҳибистиқлолиямон ҳамеша омода бошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE