Душанбе: Ҳабси 5-рӯзаи маъмури маркази компютерӣ
Дар Душанбе нисбат ба маъмури маркази компютерӣ Аҳтами Рустам санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Дар натиҷаи баргузории санҷиши навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар маркази компютерии мазкур шаҳрванд Аҳтами Рустам, санаи таваллудаш 10 январи соли 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ҳамчун маъмур фаъолият намуда, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагии мақомот ҷиҳати иҷозат надодани ноболиғон ба марказ, махсусан дар вақти дарс ба хотири ба даст овардани даромад онҳоро роҳ додааст.
Ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон метавонад ба онҳо таъсири манфӣ расонад, зеро онҳо ҳанӯз ҷисману рӯҳан хуб инкишоф наёфтаанд. Бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ санҷишу амалиёти пешгирикунанда доир менамоянд.
Аммо саволе ба миён меояд, ки дар чунин ҳолатҳо масъулияти падару модар куҷо мешавад? Волидон бояд ҳар қадами фарзандашонро назорат намуда, ӯро аз дурӯғ гуфтан, фиреб кардан, машғул шудан ба корҳои зараровар нисбат ба худу ҷомеа ҳимоя карда, танҳо ба роҳи рост ҳидоят кунанд.
Дар робита ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кодексҳову қонунҳо ба тасвиб расидаанд, ки маҳз ба хотири ҳифзи кӯдак ва тарбияи дурусти он аз ҷониби волидайн равона гардидаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «падару модар барои тарбияи фарзандон масъул мебошанд».
Ҳамзамон дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.
Волидайнро зарур аст, ки нисбат ба тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, зеро тарбияи кӯдак аз оила сарчашма мегирад.