Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 4 фоиз зиёд гардидааст

Аз моҳи январ то сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон 1728 нафар суъектони ҳуқуқии навтаъсис ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд. Дар ин маврид аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ин шумора 639 нафар (37,0 фоиз) шахсони ҳуқуқии навтаъсис ба шаҳри Душанбе, 430 нафар (24,9 фоиз) ба вилояти Суғд, 302 нафар (17,5 фоиз) ба вилояти Хатлон, 282 нафар (16,3 фоиз) ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 75 нафар (4,3 фоиз) ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

То аввали моҳи сенябр дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 382,8 ҳазорро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 846 нафар ё 4,0 фоиз зиёд арзёбӣ мешавад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, ба тариқи «Равзанаи ягона» то 1 октябри соли 2025 дар тамоми ҷумҳурӣ 810,7 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 59,8 ҳазор шахсони хуқуқӣ ва 750,9 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 шумораи субъектҳои хоҷагидор 40,1 ҳазор ё 5,3 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 1,7 ҳазор (2,9 фоиз) шахсони ҳуқуқӣ ва 39 ҳазор (5,5 фоиз) соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори бақайдгирифта 382,8 ҳазор субъекти фаъолияткунанда, 5,1 ҳазор субъекти хориҷкардашуда (тибқи маълумоти «Равзанаи ягона»-и Кумитаи андоз) ва 415,1 ҳазор субъекти барҳамдодашударо ташкил медиҳанд»,-иттилоъ доданд аз Агентии омор.

Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Ҳамчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, ба сармоягузорӣ ҷалб намудани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Тибқи таҳлилҳои иқтисодчиён, дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши созгор дорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори бақайдгирифта 18 818 субъекти хоҷагидор барҳам дода шудааст, ки аз ин 777 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 18041 субъект соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул ва амалӣ мегардад. Ин барнома барои ташкили низоми ҳуқуқию иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои берунӣ ислоҳоти манфиатноке мебошад, ки ба рушди бахши хусусӣ мусоидат намуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии мамлакат аз 27 миллиард то ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарки нақши созандаи соҳибкорӣ дар таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ дар баробари мавриди амал қарор гирифтани маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ислоҳоти мушаххасро идома медиҳад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ тадбирҳои самарабахши зерин баён карда шуданд:

— тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.

— дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад».

Бояд тазаккур дод, ки ислоҳоти амалишуда ва самтҳои стратегии дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ матраҳшуда собит менамоянд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва асосҳои институтсионалии рушди фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат фароҳам гардида, дар роҳи амалисозии ҳадафҳои дарозмуддати рушди мамлакат асоси устувор ва иқдоми бузург гузошта шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE