Номаи шодбошии Раҷа Рандхир Сингҳ ба Эмомалӣ Раҳмон
Ба муносибати маротибаи навбатӣ ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла ноибони Президент Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров, котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода аз ташкилотҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ номаҳои табрикӣ ворид мегарданд. Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ин номаҳои табрикист. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар Ассамблеяи генералӣ, ки 28 декабри соли 2021 баргузор гардид, қабул фармоед.
Итминон дорам, ки боварии дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Шумо — Ҷаноби Олӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё буда, боварӣ дорам, ки аз нав интихоб шудани Шумо ба ин мақом ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Ба Шумо дар корҳоятон барору комёбӣ таманно дорам ва ман шуморо ба дастгирӣ ва дӯстии доимии Шӯрои олимпии Осиё бовар мекунонам».