Мулоқоти Раиси КДАМ Саймумин Ятимов бо намояндаи махсуси ШМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод
3 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот оиди раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати «Толибон» дар шаҳри Давҳаи Қатар, аҳамияти барқарории суботу оромӣ дар мамлакати ҳамсоя барои минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавор дар мусоидат ба тарҳи сулҳи Афғонистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки нақши Тоҷикистон бо назардошти сарҳадҳои тулонӣ бо ҶИА, муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, инчунин дурнамои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ниҳоят муҳим аст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон оиди истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан Афғонистони ҳамсоя қобили омӯзишу пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад.
Таъмини амният дар сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои тахассусии мақомотҳои амниятии ду кишвари дӯст омили муҳими мусоидат дар амалисозии тарҳи сулҳ дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб мегардад.