Ҳафтаи кинои Тоҷикистон дар Малайзия доир мегардад

Моҳи марти соли равон дар Малайзия Ҳафтаи кинои Тоҷикистон  баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз МД “Тоҷикфилм”.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани порсо» намоиш дода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи кинои тоҷик тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён ва шиносоӣ пайдо намудани сокинони Малайзия бо санъати кинои мардуми тамаддунсозамон мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE