5—уми феврал Рӯзи якдилии Кашмир: муборизаи кашмириҳо идома дорад
Аз соли 1990 инҷониб 5-уми феврал аз ҷониби покистониҳо ва кашмириҳо ҳамчун Рӯзи ҳамбастагии Кашмир ба хотири гиромидошт ба шаҳидони Кашмир ва нишон додани ҳамраъйӣ бо муборизони озодӣ, ки ҳуқуқи қонунии худмуайянкунии худро талаб мекунанд ва он тибқи қатъномаҳои СММ эътироф шудааст, ҷашн гирифта мешавад.Дар ин рӯз раҳпаймоиҳои оммавӣ, семинарҳо, гузоштани намозҳои махсус дар масҷидҳо барои озод кардани Кашмир ва эътирозҳо ба муқобили зулми Ҳиндустон дар Кашмир қайд карда мешавад.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ин дафъа, таҷлил аз рӯзи ҳамдиливу ҳамбастагии Кашмирдар замоне фаро расид, ки нерӯҳои Ҳиндустон терроризми давлатиро дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир вусъат доданд. Дар робита ба ин, 5 августи соли 2019 парлумони Ҳиндустон моддаҳои 35А ва 370-и Конститутсияро, ки ба минтақаи Ҷаму ва Кашмири ғайриқонунӣ ишғолшудаи Ҳиндустон (IIOJK) мақоми махсус додааст, бекор кард. Қонун, Ҷаму ва Кашмир-ро ба ду минтақае тақсим кард, ки онро бевосита Деҳлии Нав идора мекунад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳо менависанд, ки сарфи назар аз ҷойгир кардани 900,000 сарбоз ба ин манотиқи таҳти назорати Ҳиндустон, ҳамасола ҳазорон кашмириёни бегуноҳ тавассути ҳамлаҳои ваҳшиёна, задухӯрдҳои қалбакӣ, баста шудани масҷидҳо, нарасидани маводҳои ғизоӣкушта мешаванд. Аз соли 1989 инҷониб кашмириҳо ба шаклҳои гуногуни терроризми давлатӣ гирифтор шудаанд. Аз ҷумла дар 30 соли охир тақрибан 100 000 аҳолии Кашмир ба ҳалокат расонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, раҳбарони хориҷӣ, СММ ва расонаҳои хориҷӣ пайваста ба вазъияти кашмириҳо, ба хусус пас аз саркӯби низомӣ ишора мекунанд. 4 августи соли 2020 коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз Ҳиндустон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои рафъи вазъи “ташвишовар”-и ҳуқуқи башар дар Ҷамму ва Кашмир чораҳои фаврӣ андешанд.
Рӯзи 29 сентябри соли гузашта “Созмони авфи Байналмилалӣ”бо нашри як баёния изҳор дошт, ки “корашро дар Ҳиндустон қатъ мекунад, зеро 10 сентябри соли 2020, Ҳукумат ҳисобҳои бонкии ӯро барои гузориш дар бораи нақзи ҳуқуқ дар Ҷамму ва Кашмир мунҷамид карда буд.
Қаблан, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаҳои худ се бор изҳор доштааст, ки масъалаи Кашмир бояд бар асоси принсипҳои оинномаи СММ ва қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амният ҳал карда шавад.13-уми январи соли ҷорӣ, дар як нишаст вакилони бритониёӣ дар мавриди бадрафторӣ аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон бо сокинони қаламравҳои ишғолшудаи Ҳинд суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд масъалаи Кашмир мувофиқи хоҳиши кашмириҳо ҳал карда шавад.
Ҳамзамон, Парлумони Аврупо борҳо изҳори нигаронӣ карда, қайд кардааст, ки аҳолии Ҷамму ва Кашмир, ки аз ҷониби Ҳиндустон ишғол шудааст, зери фишори тоқатфарсои озодиҳо ва ҳуқуқҳои бунёдии онҳо қарор гирифтаанд, ки ин аз гузоришҳои созмонҳои зиёди ҳуқуқи башар ва гузоришҳои соли 2019 шаҳодат медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои покистонӣ зиёда аз даҳ нафар аъзои Парлумони Аврупо ба раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва ноиби президент/намояндаи олӣ Ҷозеп Боррел нома навишта, аз онҳо хоҳиш карданд, ки ба вазъияти нигаронкунанда дар Ҷамму ва Кашмири аз ҷониби Ҳиндустон ишғолшуда фавран дахолат кунанд. Аз ҷумла, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар изҳороти ахири худ, бо таъкиди изҳороти қаблии худ дар таърихи 8-уми августи соли 2019, ки дар он хостори ҳалли баҳси Кашмир -тибқи қатъномаҳои СММ ва Оинномаи СММ шуда буд, ҳушдор додааст, ки ҳар як бархӯрди низомии байни Ҳиндустонва Покистон барои ҳарду кишвар ва тамоми ҷаҳон як фалокат хоҳад буд. Аз ин рӯ Гутерриш таъкид доштааст, ки ду қудрати ҳастаӣ – Ҳиндустон ва Покистон бояд бо ҳам ҷамъ омада, мушкилоти худро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд. Аммо то ба ҳол танишҳо миёни ин ду кишвар идома дорад.
Бо вуҷуди ин, ҳамасола 5 феврал ҳамчун Рӯзи ҳамбастагии Кашмир ба хотири гиромидошт ба шаҳидони Кашмир ва нишон додани ҳамраъйӣ бо муборизони озодӣ, таҷлил мешавад.
Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ,
Радиои Тоҷикистон