Баргузории ду озмуну се маҳфил дар Кумитаи телевизион ва радио
“Дар доираи иқдому ташаббусҳои фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 бори аввал дар Кумитаи теелевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” доир карда шуд”,-гуфт Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радииои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабариаш ба рӯзноманигорон.
Ба маълумоти мавсуф, дар ин озмун беш аз беш аз 300 нафар кормандони воҳидҳои сохтории Кумита ширкат варзида, 10 нафар ба даври ноҳиявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд ва аз 10 нафари пешниҳодгашта ҳамаашон бо гирифтани ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва роҳхат ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Дар даври шаҳрӣ (вилоятӣ, минтақавӣ) бо гирифтани ҷойҳои якум (3 нафар), дуюм (2 нафар), сеюм (1 нафар) ва барои иштироки фаъолона (1 нафар), дар маҷмўъ, 7 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ аксари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва сипосномаву ифтихорномаҳо шуданд.
Ба таъкиди раиси Кумита, ҳамзамон, дар байни кормандони воҳидҳои сохтории Кумита рўзҳои 30-31 май ва 01-02 июни соли гузашта бори аввал озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рўйи ду номинатсия: “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохторӣасосан аз ҳисоби кормандони эҷодии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ширкат варзида, 2 нафар ҷойҳои якум, 4 нафар ҷойҳои дуюм ва 6 нафар ҷойҳои сеюмро соҳиб шуда, ғолибон мутаносибан сазовори дипломи ҷойҳои ифтихорӣ ва 10, 7 ва 5 ҳазор сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 нафар соҳиби 78 ҳазор сомонӣ) гаштанд. Инчунин, 39 нафар иштирокчии фаъол бо гирифтани холҳои зарурӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, 15 нафарашон соҳиби сипоснома ва 1000 сомонӣ (дар маҷмўъ, 15 ҳазор сомонӣ) шуданд ва ба 24 нафари дигар бар ҳар яке 500 сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 ҳазор сомонӣ) ва китоби “Расонаи зиндагӣ” тақдим гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар заминаи озмунҳои “Эъҷози сухан” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумита маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дўстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дўстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардида, низомномаҳои онҳо таҳия ва бо фармоиши раиси Кумита аз 23.06.2021, №32, тасдиқ карда шуд, ки чорабиниҳои онҳо ҳар моҳ як маротиба баргузор мешаванд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”