ТВ «Сафина»: Сабти барномаҳои озмунӣ ва шоу мавқуф гузошта шуд

Яке аз сабабҳои баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ, калонҳаҷм ва шоу-барномаҳо дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ин таъсири бемории коронавирус мебошад. Зеро барои баргузории ин гуна барномаҳо нафарони зиёде бояд дар студия иштирок кунанд. Бинобар ин дар ин шабу рӯз баргузории барномаҳои озмунӣ ва шоу- барномаҳо мавқуф гузошта шудаанд.  Ин нуктаро 22 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.

Карими Азиз гуфт, бо фармоиши директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бобати ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор давоми моҳҳои феврал-апрели соли 2021 озмун гузаронида шуд. Дар даври аввали озмуни мазкур қариб 100 нафар довталабон иштироки фаъолона доштанд ва пас аз гузаштани марҳилаи омӯзишӣ ба 11 нафари онҳо барои фаъолият дар муассиса имконият дода шуд.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса 30 филми бадеӣ бо ҳаҷми зиёда аз 2724 дақиқа ё 45 соату 40 дақиқа дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда шуд.

Карими Азиз иброз намуд, ки соли равон ду лоиҳа бо номҳои «Хотираҳо»  ва «Фазо» амалӣ гардида истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE