ТВ “Сафина” барои таҷлили сазовори Наврӯз барномаи ҷашнӣ омода менамояд

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани иди Наврӯз роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим гирифтаанд, ки ба ноҳияҳову вилоятҳои Тоҷикистон сафар намуда, на танҳо барномаи консертӣ, балки оид ба  урфу одатҳое, ки хоси он маҳалҳо ва иди Наврӯзанд, барномаи хуб омода намуда, пешкаши бинандагон гардонанд. Ин матлабро дирӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори  МД «Телевизиони Сафина» Носир Саид ба хабарнигорон иброз дошт. 

Дар мавриди баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ  директори муассиса иброз дошт, ки яке аз сабабҳои он- ин таъсири бемории коронавирус мебошад. «Мо соли гузашта озмуни “Беҳтарин”эълон карда будем ва хостем телевизионҳои дохилӣ ва телевизионҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон бо барномаҳои ҷолиб дар он иштирок варзанд, аммо аз сабаби бемории ҳамагир ин озмун мавқуф гузошта шуд. Айни ҳол мехоҳем онро аз сар эҳё кунем»,-тазаккур дод директори МД «Телевизиони Сафина».

Дар давраи ҳисоботӣ дар  шабакаи телевизионии «Сафина» ҷиҳати инъикоси ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд, мунтазам гузориш ва барномаҳои ихтисосӣ  таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуданд. Масъалаҳои баланд бардоштани нафақа, таъсиси мактаб — интернати президентӣ барои  ятимону бепарасторон, мақоми зан дар ҷомеа, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳои болаёқат, риояи қоидаҳои гигиенӣ-пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, соҳаи кишоварзиву боғдорӣ дар ин барномаҳо баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади рушди фарҳангу ҳунар ва дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ МД «Телевизиони Сафина» имсол низ дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа-озмуни байналмилалии («Central Asia’s Got Talent») «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE