«Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо»-семинари ҷумҳуриявӣ дар Душанбе
«Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» — таҳти чунин унвон 5 октябри соли 2020, соати 10:00 дар толори Академияи ВАО бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар семинар масъалаҳои мубрами истилоҳнигорӣ ва рушди он дар таҳкими забони давлатӣ ҳаллу баррасӣ хоҳанд шуд, зеро масъалаи истилоҳнигорӣ замони ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар соҳаи забони давлатӣ мубаддал гардидааст.
«Ҳарчанд дар замони истиқлол соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо истилоҳот таъмин шуда бошанд ҳам, он ба талаботи рӯзафзуни рушди истилоҳот ҷавобгӯ нест ва ҳалли масоили марбут ба истилоҳот ҳамоно мубрам боқӣ мемонад. Ин аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳи вазъ ин масъаларо ҳамеша пайгирӣ менамояд», — зикр кард муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода.