Душанбе: Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» ба истифода дода шуд
Имрӯз дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Беҳзод 14-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи томактабӣ аз ҷониби соҳибкор Холмурод Розиқов сохта шуда, дар он таълиму тарбия дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре ки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода гуфт, дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон аз се гурӯҳи синну солашон гуногун иборат буда, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин муассисаи томактабӣ таълиму тарбия бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, кўдакон дар доираи машғулиятҳои таълимӣ ҳамзамон ба сайру сайёҳат бароварда мешаванд, ки онҳо аз маконҳои зебои шаҳри Душанбе — осорхонаву китобхона ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва боғи ҳайвонот дидан хоҳанд кард. Ин усули таълиму тарбия аллакай дар кӯдакистонҳои хориҷи кишвар амалӣ гардида, дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда мешавад.
Дар кӯдакистон ҳамзамон толори мусиқӣ, толори тасвир ва ошхона барои зиёда аз 70 нафар ҷой дошта, бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст. Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.