ММТ: Имрӯз марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 (ИМД-2022) оғоз гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои аз қайд гузаштани довталабон дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, барои иштирок дар ИМД хоҳишмандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассиса(ҳо)-и таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.