Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Сердар Бердимуҳамедов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар кишвар табрик гуфтанд.

Пешвои миллат ҳамчунин Сердар Бердимуҳамедовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермасъулияташон комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзӯ намуданд.

Таъкид гардид, ки мардуми бародари Туркманистон таҳти роҳбарии муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар мавриди таҳкиму тавсеаи ҳамкории созандаи ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти тозаинтихоби Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE