Нашри ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат бо забони русӣ

Ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд, истифода аз ороиши бадеӣ ва дигар нақшу нигори муосир омода гардида, бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.

Bн силсиламаҷмӯа матни суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 15 январ то 31 декабри соли 2020 дар бар мегирад. Ба он матни 42 суханронӣ ва 14 Паёми шодбошии Пешвои миллат ворид гардидааст.

«Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ бори аввал дар ин ҷилди силсиламаҷмӯа мураттибон се навъи кумакфеҳристи библиографӣ, аз қабили феҳристи мавзӯъҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва феҳристи ашхос дар шакли васеъ ва мукаммалро ҷой додаанд, ки истифодаи босамари ин кумакфеҳристҳо барои пажӯҳандагони риштаҳои гуногуни илм муфид хоҳад буд»,-изҳори назар намуд Қурбон Ғуломзода, роҳбари Муассисаи нашриявии “Ирфон”.

Барои баҳрабардорӣ аз феҳристи мавзӯъҳо хонандаи силсиламаҷмӯа метавонад бемамониат оид ба се мавзӯи муайяншуда, ки дар партави матни суханрониву паёмҳои табрикотӣ таҳия шудаанд, маълумот дастрас намояд.

Ҳамчунин феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ба хонанда имконият фароҳам меорад, ки доир ба 119 номи кишвар, шаҳр, вилоят, ноҳия ва деҳаҳо маълумот пайдо намуда, тавассути феҳристи ашхос бо ному насаби 88 нафар шахсони муътабар шинос шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE