Конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» коршиносонро ба ҳам меорад
Пагоҳ, 9 октябр дар Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» доир гардида, дар он муҳокимаи зиёда аз 100 маърӯзаи илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Беш аз 30-тои онҳо аз пажӯҳишгоҳҳо ва институтҳои кишварҳои узви ИДМ, ИМА ворид шудаанд. Маърӯзаҳои воридшуда ба масъалаҳои физикаи плазма, физикаи нимноқилҳо, физикаи назариявӣ, мониторинги радиатсионии маҳал, таҳлили маҳсулоти хӯрокворӣ барои муайян намудани мавҷудияти унсурҳои зараровар, тағирёбии иқлим, коркарди маводи нанокомпозитӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва ғайримаъмулии неруи барқ, булӯршиносӣ, уфунати коронавируси нави COVID-19, физикаи ноқилҳои фавқулода ва ғайра бахшида шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти таъсири ҷаҳонии пандемияи COVID-19 аз тарафи кумитаи илмӣ ва ташкилӣ дар кори он баъзе тағйирот, аз ҷумла низомҳои фосилавӣ барои рӯнамоиҳо ва мубоҳисаҳо ворид карда шудаанд.
Бино ба гуфтаи директори Институти физикаю техника Фарҳод Шокир, дар Кумитаи тадорукоти конфронс беш аз 40 нафар олимон ва мутахассисон, аз ҷумла намояндагони Британияи Кабир, Исроил, Қазоқистон, Россия ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Украина ва дигар кишварҳо шомил мебошанд.
“Сарфи назар аз маҳдудияти вобаста ба пандемия, мо бояд аз тамоми имконот ҷиҳати таъмини фаъолияти муттасили илмӣ-тадқиқотӣ истифода намоем. Бо сабаби вазъияти мавҷуда, мо натавонистем олимони кишварҳои узви ИДМ, ИМА, Аврупо, инчунин Чин ва Японияро даъват кунем, аммо масоили илмӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати олимони хориҷӣ дар шакли онлайн муҳокима хоҳад шуд”,-афзуд номбурда.
Конфронси байналмилалӣ тайи ду рӯз идома меёбад.
Чунин конфронс аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба доир мешавад.
АМИТ “ХОВАР”