Ҳисор: Иншооти ҷашнӣ бо усули зебои меъмории шарқӣ бунёд мешаванд

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёдкорию созандагӣ, хусусан бунёди биноҳои баландошёна вусъати тоза мегирад. Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни боздид аз ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ биноҳои дар маркази шаҳр бунёдшавандаро оинаи шаҳр унвон карда, дар тарҳи бино истифода бурдани усулҳои зебои меъмории шарқиёнаро тавсия дод, иттилоъ доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёна бо маркази савдою хизматрасонӣ дар кӯчаи Гагарин, ки аз ҷониби соҳибкор Салоҳиддин Қараев бунёд меёбад, шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар иншоот корҳои васлгарӣ ва оҳану бетонӣ идома дошта, дар ҳаҷми беш аз 40 фоиз иҷро гардидаанд. Тибқи лоиҳа, корҳои сохтмонӣ соли 2024 анҷом ёфта, бинои мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар сохтмони бино бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки имкон медиҳад муҳлати баистифодадиҳии иншоот ба таъхир наафтад.


Раиси шаҳр дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Гагарин ҳамчунин бо корҳои бартарафсозии бинои фарсудаи собиқ Универмаги марказӣ шинос шуд. Дар ҷои ин бино соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Ятимов тасмим гирифтааст, ки бинои даҳошёна бо ҷойгиркунии маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд намояд. Муҳлати баистифодадиҳии бино дар лоиҳа соли 2025 дарҷ гардидааст, вале чун он дар маркази шаҳр воқеъ аст, соҳибкор ният дорад бо истифода аз имконият суръати сохтмонро тезонида, онро пеш аз муҳлат бунёд кунад.

Раиси шаҳр барои бунёди босифати иншооти ҷашнӣ ба соҳибкорон маслиҳатҳои судманд дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE