Ташаббуси нави ҲХДТ дар самти таълиму тарбия дар мактабҳо

«Роҳ ба сӯи маориф» — таҳти чунин унвон 20 апрел  миёни масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва маориф дар шаҳри Бохтар нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ гардид.

Дар ҳамоиш раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Мақсади амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, ҳамчунин ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи меъёрҳои муосири таҳсилот мебошад.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён рӯнамоии амалиёт ва нақша-тақвими чорабиниҳоро пешкаши иштирокдорон гардонид. Дар ташаббуси аввал баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар аст.

      
Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки ташкили вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва ба ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ташаббуси дуюм маҳсуб мешавад ва ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба дастандаркорони ташаббуси «Мактаби ман» изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки пешрафти ҷомеаи муосир ба хизмати омӯзгор вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар амалишавии ин ташаббус сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд фаъол бошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE