Сармураббии дастаи “Хуҷанд” аз вазифааш истеъфо дод

Рустам Хоҷаев аз мақоми сармураббии “Хуҷанд” истеъфо дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳ.
Пас аз бохти даста аз КМВА дар даври 4-уми Лигаи олӣ, Хоҷаев тасмим гирифт, ки тарки мақоми сармураббии дастаи “Хуҷанд” намояд. Ёдовар мешавем, ки “Хуҷанд” имсол низ дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО иштирок мекунад. Дар чемпионати Тоҷикистон ин даста дар ҷор бозӣ як ғалаба, як мусовӣ ва ду бохт дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE