Суқути киштӣ дар Тунис: 12 муҳоҷир ба ҳалокат расида, 10 нафар бедарак шуданд

Бар асари суқути як киштӣ дар соҳилҳои Тунис 12 муҳоҷири ғайриқонунӣ ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар беному нишон гардиданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР- 24” иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар дохили киштӣ 120-нафар қарор доштанд. Ба кормандони хадамоти изтирорӣ муясар гардидааст, ки 98-нафарро наҷот диҳанд. Муҳоҷирон кӯшиш мекарданд, ки аз баҳри Миёназамин убур карда, ба Италия бирасанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ кӯшиш аз баҳри Миёназамин убур карданро мекунанд. Тунис яке аз нуқтаҳои асосии роҳи онҳо ба Аврупо мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE