Нишасти матбуоти дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар кори он  Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуда ба саволҳои рӯзноманигорони тамоми ВАО-и дохиливу хориҷӣ ҷавоб гуфт. Зимни суҳбат иброз дошт, ки дар кишвар то ҳол омӯзиши захираҳои маъданӣ идома дошта то ба охир нарасидааст.  Дар ин миён зерсохторҳои саридора корҳои омӯзишии геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 32  лоиҳа дар объектҳои металҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геолгияи муҳандисӣ ва экологӣ ба роҳ мондаанд.

Бояд хотирнишон намуд, ки Саридораи назди Ҳукумати ҶТ соли 2022 бо 78 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ ба имзо расонид. Инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ 4-5 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе “Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Мicromine” баргузор гардид, ки оид ба имкониятти истифодабарии барномаи Мicromine дар мисоли корхонаҳои саноати кӯҳии Қазоқистн, Узбекистон , Қирғизистон, Тоҷикистон, Росия ва Австралия табодули афкор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE