То 6 май эҳтимоли омадани сел ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ зиёд аст
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 6 май дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамоли сахт дар назар дода шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамоли сахт мевазад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо маъмулан боронҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештар доранд, чун метавонад аз кӯҳҳо санг рехта, роҳҳоро муддате банд намояд, ё лағжиши тарма боиси хатарҳои дигар гардад. Боронҳои шадид метавонанд сабабгори кӯчиши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир одамонро зарур аст дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон равона накунад.
Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо шумораҳои 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.