Оқибатҳои офати табиӣ дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе–Турсунзода» бартараф мегарданд

Бар асари бориши зиёди боронҳои бошиддати шаби 5 ба 6 май дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон ва Дурбати шаҳри Ҳисор оби ҷӯю каналҳо аз меъёр зиёд гардида, дар натиҷа қуму санг ва обу лойқа дар ҳудуди деҳаи Шӯроби Искандар ба роҳи мошингарди байналмилалии «Душанбе-Турсунзода» баромада, ба равуои воситаҳои нақлиёт монеа эҷод кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Ҳамчунин обу лой ба ҳавлии якчанд сокини деҳа ва анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмону биноҳои ёрирасони тоҷирон, ки дар шафати роҳ ҷойгир шудаанд, ворид шуда, зарари зиёди молӣ расониданд.

6 май Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз минтақаҳои зарардидаи шоҳроҳ ва деҳаҳои ҷамоатҳои Сомон ва Дурбат, ки бар асари бориши пуршиддати борон ва омадани сел зарари ҷиддӣ дидаанд, боздид намуда, бо вазъият аз наздик шинос гардид.

Дар деҳаи Зартеппаи деҳоти Дурбат, ки дар кӯҳдоман ҷой гирифтааст, бар асари фишори зиёди сел канале, ки аз болои деҳа мегузарад, рахна ва обу лой самти ҳаракаташро тағйир дода, вориди якчанд ҳавлӣ, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ шуда, боғу заминҳои кишти сабзавот зери лойқа монда, хароб гардиданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар лаҳзаҳои аввали рух додани офат навбатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр огаҳӣ ёфта, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ба минтақаҳои мазкур даъват менамояд. Субҳи содиқ кормандони дастгоҳи аксари ҷамоатҳои шаҳру деҳот бо сафарбарии ихтиёриён, инчунин шуъбаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти оташнишонӣ, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳр, минтақаи техникии истеҳсолии обу канализатсия бо техникаву механизмҳои пуриқтидори зарурӣ, сокинони деҳаҳои шафати шоҳроҳ аз деҳоти Сомон ва Дурбат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо белу каланд ба минтақаи зарардида омада, ба тозакунии роҳ шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои офати табииро бартараф ва ҳаракати бемамониати нақлиётро дар шоҳроҳ таъмин намуданд.

Раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ҷараёни бартарафкунии оқибатҳои зарари сел дидан карда, ба кормандони дастгоҳи ҷамоатҳо, идораву сохторҳои марбута, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, аҳолие, ки ихтиёрӣ ҳозир шудаанд, барои сафарбарии муташаккилона изҳори сипос намуд ва барои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ва ҳисоби ҳаҷми зарари расида ба хоҷагии халқ, барои ташкил кардани ситоди махсус дар назди мақомот аз ҳисоби муовинон ва сохторҳои дахлдор супориш дод.
Раиси шаҳр ҳангоми боздид аз саргаҳи ҷӯю каналҳо оид ба камбудиву ҳолатҳое, ки боиси ҳодисаи мазкур шудаанд, назари хешро баён дошта, ба масъулин ҷиҳати рафъи мушкилот, тоза намудани ҷӯю каналҳое, ки бо қуму лой пур шуда, хавфу хатари эҳтимолии минбаъдаро ба бор овардаанд, инчунин барои кумак ба аҳолии зарардида, дастрасӣ ба экскаватор ва сӯзишвории дизелӣ, ташкили ҳашарҳои дастҷамъона дар мавзеъҳои мазкур супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ситод ҳаҷми зарари расида аз офати табиӣ дар шаҳр омӯхта, барои рафъи оқибатҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида, ба зарардидагон кумак расонида мешавад. Корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида муташаккилона идома доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE