Қудрати миллат андар Ваҳдат аст

27-июн-рӯзи Ваҳдати миллӣ-иди муқаддас,иди наҷоти миллат ва ҳумоюн ҷашнест,ки моро аз вартаи гумномӣ берун оварду барои бақои Тоҷикистони азизи мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун узви комилҳуқуқу соҳибтамаддуни ҷаҳонӣ имконият фароҳам овард.Наздик омадани ҷашни 25-умин солгарди ин падидаи тақдирсоз ба ҳар ҳамватан муборак бод!

Мақсад аз таҷлили ҳарсолаи ин рӯзи муборак он аст,ки мо бояд он рӯзҳои мудҳишро,гиряҳои талхи модаронро,ашки ҷигарсӯзи падаронро,навҳаи ҷонгудози тифлаконро,азияту сарсониҳои 1 миллион фирориро ҳаргиз фаромӯш накунем,дигар бо содадилию зудбоварӣ фирефтаи фитнаҳои душманони бадандеш нашавем,ҳамеша ҳушёру бедор бошем,то ки ягон каҷманише,бадниҳоде ҷуръат накунад ба ваҳдати муқаддасамон халал ворид намояд,ҳамеша аз сиёсати инсонпарваронаю ояндасозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорию дифоъ кунем,ки мехоҳад ва метавонад кишвари ободи моро боз бештар ободтар кунад ва дар ҳамдастӣ бо ҳар як ҳамватан ҳамрадифи кишварҳои мутараққии олам қарор диҳад.

Маҳз ҷасорату матонату заковати худододаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,ки дар он ҷанги таҳмилӣ,набарди эҳсосоти сиёсӣ ақлу хирад бар ҷаҳлу эҳсосот пирӯз гардид.Вуруди ин абармарди таърих ба арсаи сиёсат на фақат зарурати таърихӣ,балки атои яздонӣ ба мост ва чунин мардони майдони матонату заковатро Офаридгор на ба ҳар миллате додааст.Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ҳамин фарзанди фарзонаи миллат бо дурандешиву заковати бемисл,матонату ҷасорати ҳайратангез меъмори кохи муҳташами ваҳдати миллӣ гардид.

Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди тоҷикон дар тӯли таърихи пурмоҷарову пурпечутоби онҳост.Дастоварде,ки заминаи тамоми пешрафту комёбиҳои миллати мо дар ҳама самтҳои зиндагонист.   Истиқлолу озодӣ ҳамон вақт арзише хоҳанд дошт,ки ваҳдати миллӣ мавҷуд бошад.Илми мо,фарҳанги мо,ҳунари мо,таърихи мо,гузаштаи пурифтихори мо фақат бо ҳамин ваҳдати миллӣ арзиш доранд.Агар миллате ваҳдати миллӣ надошта бошад,дар ин олами пурмоҷарою саршор аз муноқишоти геополитикиву равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ наметавонад ояндаи нек дошта бошад.

Ҳодисаҳои нанговари дар ВМКБ рухдода нишон доданд,ки ҳанӯз ҳам душманони дар Аврупо паноҳҷуста мисли каждумони таги бурё дар андешаи барҳам задани оромиву ҳамбастагии миллатанд.Ин хоинон дар ҳамкорӣ бо хоҷагони хориҷиву гуруҳҳои ҷиноятпеша қишри ҳассосу зудбовари ҷомеа-ҷавононро  барои ноором кардани вазъи сиёсии кишварамон истифода карданд.Хоинони зархариду гумроҳ ахиран бовар карданд,ки дигар ба решаи дарахти сарсабзи ваҳдати миллиамон ҳар тойифаи бадманишу авбоше теша зада наметавонад ва мақомоти амнияти кишвар дар ҳамдастӣ бо сарбозони диловари Ватан ба дилхоҳ ҷинояткору ватанфурӯш посухи сазовор дода метавонанд.

Ваҳдати миллӣ боварии мо ба якдигар,сипари мову зафари мост.Таърих,тақдир миллати моро ба хулосае овард,ки охирин умед,охирин дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестию ҳалокат ҳамин ваҳдати миллист.Ҳамин гулӯлае,ки ҳеҷ путку сандоне наметавонанд онро шикаст; ҳамин рӯдборе, ки ҳеҷ садде наметавонад роҳашро баст; ҳамин ресмони ихлосу имоне,ки чун шарёни ниҳоди мо боди фалокате наметавонад онро гусаст.Яъне: наҷоти ҳаёти мо,эътибору иқтидору ифтихори мо ваҳдати миллист.

Барои офтоби Тоҷикистон

Шудан бояд уқоби Тоҷикистон.

Барои куҳсори Тоҷикистон

Шудан бояд нисори Тоҷикистон…

Барои ному нанги Тоҷикистон

Шудан бояд паланги Тоҷикистон.

Барои обу хоки Тоҷикистон

Шудан бояд ҳалоки Тоҷикистон!

Бале,барои оби ҷонбахшу хоки нобиғахези кишвари биҳиштгунае,   мисли Тоҷикистон, ҷон нисор кардан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва волотарин шаҳодати ватандорист!   Агар мо Ватани азизу муқаддаси худ,миллати некманишу хайртинати худро дӯст дорему ба ояндаи некашон эътимод дорем,бояд ҳамин дастоварди беназир-ваҳдати кабири худро мисли шарафи худ,нангу номуси худ якдилу якҷон аз сари имону виҷдон ҳимоя ва аз барояш ҷоннисорӣ кунем.Қалъаи амнияте,ки моро аз ҳама душвориву фалокатҳои имконпазир эмин хоҳад дошт,ҳамин ваҳдати миллии мост.

Созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон дар олам пояи ҷаҳонбинии навинро бунёдгузорӣ намуд,дар илми ҷомеашиносӣ истилоҳи наве бо номи «модели сулҳи тоҷикон» арзи ҳастӣ кард,ки асосашро заковати азаливу сиришти поку сулҳгароёнаи миллатамон ташкил медиҳад.Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз лиҳози аҳамияти фавқулодааш бо Эъломияи истиқлоли Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф қарор дорад.Агар Эъломия ба таври расмӣ соҳибихтиёрӣ ато карда бошад,ин созишнома сулҳу субот эҳдо кард,истиқлолро чун бузургтарин арзиш дар зеҳни мо,бо сарфи назар кардани ҳадафҳои тангназаронаи сиёсию гуруҳӣ,устувор гардонид,барои эҷоди давлати демократии ҳуқуқбунёд шароит фароҳам сохт,ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд,ки тоҷикони соҳиби фарҳангу тамаддуни воло ва нангу номуси баланди миллӣ тавонистанд дар андак муддате иштибоҳашонро бифаҳманду ба даргириҳои нангин хотима бахшанд ва даст ба бунёдкорие бизананд,ки аҷдодон барояшон тӯли қарнҳо васият кардаанд.Дар ин самт фаъолияти давлати миллиамонро чун поягузори сулҳу ободӣ махсус бояд таъкид кард.

Ваҳдати мо ба осонӣ ба даст наомад,бинобар ин,он барои мо баробари истиқлол муқаддас аст;истиқлоли ормоние,ки ба мо баъди ҳазор соли суқути давлати Сомониён насиб гардид.Истиқлол ҳамон вақт пойдор мемонад,ки дар ҷомеа ҳамбастагию ваҳдат бошад.Барои пойдории ваҳдат мо бояд ҳувияти волои миллӣ дошта бошем,яъне худро чун ҷузъи ҷомеа,чун ватандӯсти асил бо кору пайкори созанда нишон диҳем,ҳаргиз ба худ наандешем,ки Ватан ба мо чӣ дод,балки ҳар рӯз аз худ бипурсем,ки мо ба Ватан чӣ додем,барои пешрафташ, ободиаш, пойдории ваҳдату истиқлолаш чӣ корҳои мушаххасе анҷом додем-ҳамин аст ватандорӣ,ҳамин аст дӯст доштани ҳар як тоҷик ва арҷ гузоштан ба миллат!

Барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳар ватандор муваззаф аст рисолати касбию уҳдадориҳояшро бо камоли масъулият,аз дидгоҳи виҷдон адо намояд.Шинохти арзиши волои ваҳдат ин доштани андешаи умумимиллист,яъне боло гузоштани манофеи миллӣ бар манофеи гуруҳӣ,минтақавӣ ва шахсӣ,доштани ғурур ва номуси милли.Моҳияти номуси миллӣ ин аст,ки ҳар яки мо барои ободии диёри худ,таҳкими иқтидори сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангии Ватани худ тамоми заковату ғайрати худро истифода кунем,ба оламиён миллати худро бо бузургию шаҳомати азалиаш муаррифӣ намоем.Барои ҳамин,ҳар як ҳамватанро ғояи ягонагии миллӣ,бартарии андешаи миллӣ,нангу номуси тоҷикӣ бештар аз пештар бояд муттаҳид намояд:

Гар ту дорӣ дарду доғи тоҷикӣ,

Ростиро,марди марди тоҷикӣ!

Гар дили моро бихонӣ,тоҷикӣ,

Гавҳари моро бидонӣ,тоҷикӣ!

“Ҳар касе,ки ниҳоле сабзонда бошад,медонад,ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад.Аммо ниҳоле аст,ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад.Ин ниҳоли бехазон ваҳдати миллии мост,ки меваи ширинашро мо чашидем,ҷомеаи мо аз он шаҳдком гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем,ки бадандеше,нохалафе теша ба решаи он занад»-дар ин ҳикмати Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон эътимод,орзуву ормони мардум ба ояндаи нек инъикос шудааст.Бигзор дарахти ваҳдати миллии мо дар гулистони шукуфони Тоҷикистон ҷовидона сарсабз бошаду коми ҳама ватандорон аз он ширин!

То ҷаҳон боқист,ваҳдат зинда бод,

Иттиҳоди тоҷикон поянда бод!

Бар тамоми халқи дунё то абад

Решаи ҷангу ҷадал барканда бод!

 

   Бариев Хуршед 

муҳаррири варзидаи

радиои «Садои Душанбе»

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE