Ҳайати фарҳангию кории Санкт-Петербург аз як зумра муассисаҳои шаҳри Душанбе дидан намуданд

Дар доираи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, ки то 26 майи соли равон идома меёбад, ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев ва ҳайати ҳамроҳонаш ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд ва ба арзишҳои волои миллати бостонию тамаддунофари тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими гулгузорӣ ҳайати меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ҳамроҳӣ намуд.

Сипас ҳайати меҳмонон ба Боғи Ғалаба омада, дар маросими тантанавӣ дар назди Маҷмааи ёдгории Оташи абадӣ гулгузорӣ намуданд. Дар маросими  гулгузорӣ  намояндагони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки  яке аз бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2026 ин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи сафар ҳайати мазкур аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дидан намуда,  Ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо пизишкони тоҷик суҳбат карда, бо фаъолияти шуъбаи ангиография шинос шуд. Ҳамзамон оид ба усулҳои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла стенмонии рагҳои хунгард мубодилаи афкор намуд. Онҳо инчунин зимни суҳбат ба табобати бемории мағзи сар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо таҷрибаи худро оид ба хизматрасониҳои тиббӣ дар бахшу соҳаҳои гуногун ба миён гузоштанд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба дастгоҳу таҷҳизоти утоқи ҷарроҳии ин Маҷмаа меҳмонон баҳои баланд дода, афзуданд, ки дар инҷо имкони табодули таҷриба миёни табибони шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург  вуҷуд дорад.

Ҳамчунин меҳмонон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи таълимии пойтахт синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамояд. Аз ин рӯ аз ҷониби меҳмонон ба мактаби мазкур  адабиёти таълимӣ ба забони русӣ туҳфа гардид.

Хонандагони МТМУ №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. Онҳо суруду тарона, рақс, инчунин композитсияҳои гуногуни мусиқиро намоиш доданд.

Дар  чорабинӣ директори мактаби № 358-и шаҳри Санкт-Петербург дар бораи таърихи шаҳри Санкт-Петербург,  инчунин дар бораи дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ  маълумот дод.

Дар фарҷоми чорабинӣ маросими ба имзо расидани «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории дуҷониба миёни МТМУ № 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мактаби рақами 358-и ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин ҳамоишҳои фарҳангию корӣ барои тақвияти ҳамкории дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Шоми дирӯз бошад, дар Театри далатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ансамбли овозадори Марошкаи шаҳри Санкт-Петербург барои меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE