Артиши миллӣ – сипари боэътимод
ТАБРИКОТИ
САРМУҲАРРИРИ ШАБАКАИ “САДОИ ДУШАНБЕ”
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 23 – юми феврали соли 2021, аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур шуд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай ба он пурра даст ёфтаем ин ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он тибқи нақшаи барномавӣ идома дорад.
Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат таъкид менамоянд, ки воқеаву таҳавулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани ташкилоту гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ҳал лаҳза ба фазои орому осудаи кишварҳо метавонад халал расонад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҳкими фаъолияти он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ба ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмўи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Танҳо дар давоми соли 2020 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.
Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд.
Давоми 28 – соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар ҳамчун кадрҳои соҳавӣ тарбият ёфтаанд, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ ба ҳайси нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷўйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва ғайра сарбаландона фаъолият доранд.
Имрўз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омўзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рўи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 4-ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомўзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ наздики 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки ҳайати онро курсантону шунавандагони академияву омўзишгоҳҳои олии ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кушишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.
Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.
20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин намуд.
Воқеан сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзўр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ монда мешаванд.
Дар ин замина, як қатор дастурамалҳои методӣ, рўзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмўаҳои илмӣ-методӣ, ба табъ расонида шуда, барномаҳои ҷолиби телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандўстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Ва барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат ҷойҳои истироҳатӣ, китобхона ва толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё карда шудааст.
Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардўст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамояд.
Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохўрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то сини даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин доимо маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Дар самти рушду нумўи Артиши миллӣ давоми 28 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кўтоҳ, бо сифати баланд, ҷавобгӯйи меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст.
Дар давоми 28 сол дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, навъҳои қўшуни Артиши миллӣ ва марказҳои таълимии он сохтмону азнавсозии бинову иншооти ҳарбӣ бомаром идома дорад. То ин ҷашни умумимиллӣ беш аз 400 бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта мавриди истифода қарор дода мешавад,то ин дам 80% иншоотҳои ҷашни мавриди баҳрабардори қарор дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани шароитҳои муносиб маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат хифзи иҷтимоии ахолӣ, бахусус кормандони низоми, мавкеи назаррас дорад. Аз чумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бехтар гардонидани шароити хизмат ва зисти кормандони сахаи низоми ахамияти махсус медиханд.
Мусаллам аст, ки собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои хизмати ҳарбӣ соҳиби таҷрибаи бою мукаммали хизматӣ ва зиндагӣ мегарданд. Аз ин рў, баъди ба нафақа баромадани низ яке аз вазифаҳои асоситарини онҳо ба ҷавонони низомӣ омўхтани ҳамин таҷрибаи нотакрор, тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ҳамин зарурат моҳи марти соли 2006, Шўрои собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда собиқадоронро муттаҳид кардааст.
Зикр намудан ба маври даст, аз ҷониби гурўҳҳои Шўрои собиқадорони Вазорати мудофиа дар тули 15 соли гузошта дар мувофиқа бо Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, пайваста бо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо чорабиниҳои гуногунро бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва таърихӣ мегузаронанд.
Бинобар ин, ҳайати собиқадорон аз таҷрибаи хизмати ҳарбии худ ва таҷрибаи зиндагӣ, ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозону афсаронро ба дўст доштани Ватан, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, пос доштани анъанаҳои беҳтарини таърихи халқамон, дустиву рафоқат, Ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватандўстӣ ва расидан ба қадри ин замини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.
Оид ба баланд бардоштани саҳми бонувон дар ҷомеа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки шароити кору зиндагии бонувони сафи Артиши миллии кишвар сол то сол беҳтар мегардад. Инро бонувони низомӣ зимни суҳбат бо мо тасдиқ намуда минатдории худро ба роҳбарияти олии мамлакат расониданд.
Ҳамин аст, ки имрўзҳо занону бонувон дар Артиши миллии кишвар мавқеъи хосса дошта, дар баробари мардон барои ҳимояи марзу бум, омодаанд. Онҳо сазовори медалу ифтихорномаҳо гардида, дар вазифаҳои гуногун аз пайи иҷрои вазифаи пуршарафӣ хизматӣ мебошанд.
Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии Артиш амал мекунад. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд. Ва онҳо аз рўи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат карда, зинаҳои намоёнро ишғол намудаанд.
Варзишгарони Клуби марказии варзишии Артиш ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, бо иштироки фаъолонаи худ бо медалҳои тиллову нуқра, биринҷӣ, ифтихорномаҳои зиёд ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шудаанд.
Илова бар ин, барои рушду нумўи варзиш ҷавонону наврасон, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад, тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шаванд.
Умуман талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд.
Айни ҳол аз сарбози қаторӣ сар карда, то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа таҳти шиори дар “Соли 2021-ум бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ” фаъолият намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд.
Дар интиҳо, аз номи ҳайати эҷодиву техникии радиои “Садои Душанбе” тамоми шунавандаҳо, хонандагони сомона ва кулли сокинони кишварро ба ифтихори 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ ва рӯзгори осуда ва ба кишварамон фазои осоиштаро таманно менамоям. Иди ҳомиён муборак!
Фирӯз КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”