Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои намунаи соли 2022-ро ба муомилот баровард

Бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 аз 1 июли соли 2022 ба муомилот бароварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 дар қатори тангаҳои гардишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2022 бо арзиши номиналӣ мутобиқи банди 1 қарори мазкур, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE