Масъалаи таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт
24 август дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.