Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Имрӯз, 20 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуда, перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ дар заминаи вазъи кунунии Афғонистон равона гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазирон лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намуданд.
Қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Н.Жапаров ба ҳузур пазируфт.