Мулоқоти сафир бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб

1 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иштироки фаъоли онро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми кишвар таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE