Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.

Боғи себ 5,21 ғектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавӣ бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он дар моҳи сентябр пурра пухта мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 таъсис дода шуда, он аз соли 2013 самар медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид намуданд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баҳри рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад.

Боғи бодом дар ин мавзеъ дар 4 ғектар соли 2008 бунёд карда шуда, дар масоҳати 6 бар 4 1200 беҳ ниҳоли бодом шинонида шудааст.

Давраи пухта расидани меваи донакдори бодом июлу август арзёбӣ мегардад. Парваришу ҳосилбандии меваи бодом собит менамояд, ки иқлиму обу хоки минтақа ба парваришу истеҳсоли бодом мувофиқ аст. Намудҳои “лангедок”, “десерти”, “пистабодом” аз навъҳои асосии боғи бодом мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE