Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 – и пойтахт

Имсол 272 ҳазор нафар, аз  ҷумла 133 ҳазор нафар духтарон бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Тибқи иттилои вазорати маориф ва илм, имруз қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар навраси кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтар дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Аз ҷараёни баргузории рузи дониш ва дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 – и пойтахт ҳамкорамон Мижгонаи Насриддин гузориш омода намудааст:

Рӯзи Дониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе воқеан ҳам шаҳомати хоса дошт. Дар ин руз, ки оғози соли нави хониш аст, хонандагон ҳамагӣ бо сару либоси ороставу зебо ва бо лавозимоти мактабӣ бо шавқу завқ ворид даргоҳи маърифат гардиданд. Бояд гуфт, ки муассиса барои қабули хонандагон ва барои таҳсили мудаввоми онҳо омода шудааст, зеро роҳравҳои озода ва таъмири синфхонаҳову намуди зоҳирии бинои муассиса бозгуӣ ин ҳама аст. Имруз дар баробари дигар хонандагон, аз ҳама бештар барои хонандагони синфи якум ҳаяҷоновар аст. Гуруҳе аз ин дуструякон хандону шодон, вале гуруҳи дигар гирён аз ҳаяҷон, бехабар аз он ки муаллими меҳрубоне онҳоро интизор аст то донишу илм биомузад.

Масъулин ва омузгорон ҳама ба қабул ва ҷо ба ҷо кардани садҳо хонандаи синфи якуманд, ки ҳамакнун ба ин мактаб омадаанд. Ҳамагон кушиш доранд то онҳоро бо муҳаббату меҳрубонӣ пешвоз гиранд то онҳо зиёд ҳаяҷонзада набошанд.

Ҳамин тариқ субҳи имруз бо садо додани Суруди миллӣ ва занги нахустин дар соли нави таҳсил хонандагон вориди синфхонаҳо гардида, дарси аввалин – дарси сулҳро шуруъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав ва 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки нишони сиёсати маорифпарваронаи ҳукумат ва роҳбарияти давлати мо мебошад.

                                                                                    Раҳмонзода Мижгон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE