Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад
Аз 1 август дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад. Дар ин хусус аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас дар самти ровигӣ, баланд бардоштани сатҳи суханварӣ, забондонӣ ва муаррифии чеҳраҳои нави эҷодӣ байни довталабони аз 9 то 18-сола доир карда мешавад.
Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври якуми он аз 1 август то 30 сентябр дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Даври ниҳоӣ нимаи дуюми моҳи октябр дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе доир мегардад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе