Ҳамоиш бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМТ

Имрӯз дар факултети биологияи ДМТ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар кори ҳамоиш садорати факултети мазкур, донишмандони риштаи ҳуқуқшиносӣ ва устодону донишҷўён ширкат намуданд. Кори ҳамоиши илмиро декани факултети биологияи ДМТ доктори илмҳои биологӣ, профессор Каримзода Акобир ифтитоҳ бахшида, Рўзи Конститутсияро ба иштирокчиён ва дар маҷмўъ мардуми шарифи мамлакат шодбош гуфт. Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Фирўз Шоев бо маърўзаи пурмуҳтаво дар мавзўи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди ҷомеаи демократӣ баромад намуд. Ҳамчунин дар кори ҳамоиш миёни донишҷўён ва донишмандони риштаи ҳуқуқшиносӣ дар хусуси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE