Ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро 100-дарсад иҷро кард
Дар ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 дарсад иҷро шуд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш дод.
Нимаи дуюми рӯзи 4 ноябр Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,
Кишоварзони олиҳиммати ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои некбинонаи Шумо соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, дар майдони 12008 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.
Заркорони ноҳия соли ҷорӣ ба ҷойи 27430 тоннаи нақша, хушбахтона ба санаи имрӯз, 4 ноябри соли равон 27439 тонна пахтаро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,1 фоизро ташкил медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки истеҳсоли пахтаи имсола дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5563 тонна зиёд мебошад…”
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи нақша имсол дар вилоят 129500 тонна пахта истеҳсол карда мешавад. То имрӯз бошад 116356 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,9 дарсади нақша баробар аст. Ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии пахтакор идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд