Талошҳои истиқлолхоҳии тоҷикон дар давраҳои таърихӣ
Истиқлол-бузургтарину арзишмандтарин падидаи иҷтимоию маънавӣ, ки 31-умин баҳораш ба диёри биҳиштгунаи мо қадам гузошт, ҳидоят ба бедорӣ, истиқлоли манишу пиндори созанда аст, даъватест ба бунёди ояндаи дурахшон барои пасояндагон. Сутуни заррини ин атои эзадӣ, ин самараи азму талошу муборизаҳои 1000-солаи ниёгони тоҷдору номварамон аз муҳаббату садоқати мо ба ҳамдигар, ба Ватан-Модар, аз маърифату ҳунару ғайрату ҳиммати мо ба хотири пешрафти куллӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагонӣ, устувортар мегардад.
Ҳарчанд бархе аз андешаварон истиқлолро ҳадяи тасодуфии таърих медонанд, аммо асрҳо гувоҳанд, ки он ормони милливу орзуи наслҳо ба қарнҳо буд ва ниёгони тоҷдорамон чун дигар халқони куҳанбунёд бо ҷасорату матонат ҳамеша баҳри озодӣ талош варзидаанд.
Ниёгони мо рӯҳи бешикасти озодихоҳ доштанд. Ҳазорон ватанпарастон бо сарварии Спитамен зидди Искандари Мақдунӣ размиданд. Баъди Искандар духтари Вахшуварт-Рухшона бо писари хурдсолаш Искандари 4 ашрофони бохтариро ба ҳам оварда, империяи Римро идора кард. Дертар дар олами эллинӣ ба арсаи сиёсат духтари диловари Спитамен –Алама омад, ки ҳамсари қайсари нави мақдуниҳо-Селевк буд. Набераи Спитамен-Антиохи 1 сарварии Осиёи Миёнаро ба дӯш дошт ва худро вориси Ориёншаҳр медонист. Тоҷикон якуним қарн забону фарҳанги худро миёни римиҳою юнониён ҳифз карда тавонистанд, онҳо ба руҳи бешикасти озодипарастии мо тоб наоварда, ҳатто бисёр дастовардҳои тамаддуни ориёиро пазируфтанд. Масалан, муаррихон мегӯянд, ки Искандар дар дарбор ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми форсро ҷорӣ карда буд…
Далелҳо оид ба талошҳои истиқлолхоҳии тоҷикон дар давраи истилои араб низ ҷолибанд. Вардонхудоти суғдӣ Қутайба ибни Муслимро бо муҳосирасозӣ шикасти сахт дод. Пешвоёни хатлониён Шаҳбол ва Бадри Тархун волии Хуросон Асад ибни Абдуллоро ба танг оварда мағлуб карданд. Муборизаҳои озодихоҳии Абӯмуслими Хуросонӣ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғӯрак ва Муқаннаъ ба ташаккули давлатҳои миллии тоҷикон-Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён мусоидат кард…
Сайри таърихие буд ба гузаштаи саршор аз ифтихору пур аз талошҳои истиқлолхоҳии ниёгони номварамон, ки ёдоварӣ аз он як рукни муҳими худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз соҳибихтиёриву соҳибватанист! Агар ба даврони шӯравӣ назар кунем дарёбем, ки миллати тоҷик тамоми нерӯи моддию маънавии худро барои расидан ба истиқлол ва ормонҳои миллӣ равона намудааст.
Садои Душанбе