Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Сарони ду кишвар зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президентҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 120 миллон доллар баробар буд.

Идомаи муваффақонаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар дониста шуд.

Дар ин замина ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар авлавият дода шуд.

Сарвари давлати мо, дар баробари ин, аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак бо мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.

Пешвои миллат, бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумонамон, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонданд.

Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE