МУЛОҚОТИ РАЁСАТИ ДБССТ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ГРАНТҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲИНДУСТОН

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сафарӣ корӣ ба Ҳиндустон бо роҳбарияти Вазорати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҳиндустон доир ба ҷалби сармоягузорӣ, грантҳои омӯзишӣ, инчунин таъсиси лабораторияҳои омӯзишӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҷеъ ба масоили болозикр ҳамкориро ба роҳ монанд.

Дар навбати худ, Вазорати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҳиндустон масъалаи тақвияти ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии Ҳиндустонро ба МТОК – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хуб пазируфта, МТОК-и Ҳиндустонро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда даъват намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE