Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Владимир Путин

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон ва сарфароз гардониданашон бо ордени Федератсияи Россия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III барои нақши назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Россия барои  табрикоташон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мо мансуб медонанд.

Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро  мавриди муҳокима қарор доданд.  Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE