Омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ дар шаҳри Турсунзода
Ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумати кишвар “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ҷумхурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” муасисаҳои тиббию таълимии дурдастарин ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода бо маводи сӯхт таъмин гардида, аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.
Якбора сард гардидани ҳаво дар рӯзҳои охир ва боридани борону барф дар минтақаҳои қӯҳистони мамлакат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки эҳтимол мавсими зимистони имсола, хеле сард ояд. Ба хотири бе мушкилот паси сар намудани мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, нақшаи мақомоти маҳал мавриди иҷро қарор дода шуда, то ҳанӯз захиранамоии маводи сӯхт, хӯрока ва дигар ашёи зарурӣ идома дорад. Имрӯзҳо боло рафтани арзиши ангиш дар кишвар, дастрасии сокинони деҳотро ба ин маводи сӯхт боз ҳам мушкилтар намудааст.
Ба маълумоти масъулини ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, равади омодагӣ ва захиранамоии маводи сӯхту маҳсулоти хӯрока дар муассисаҳои тиббию таълимӣ тибқи нақша идома дошта, тамоми кӯшишҳо ба он равона карда шудаанд, ки хоҷагии халқи ҷамоати деҳот мавсими зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намояд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе