«МОСКОВСКАЯ ПРЕМЬЕРА». Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик ду ҷоизаи ин фестивалро соҳиб гардид

 Филми «Бачаи обӣ» (Water boy) дар Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ — «Московская премьера» ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб гардид, иттилоъ дод коргардони филм Файзулло Файзов.

Ба гуфти мавсуф, филми мазкур дар бахши рақобат миёни даҳ филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё (Eurasian Film Festiva») дар Лондон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» (Audience Choice Award)-ро соҳиб гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки 29 ноябр то 5 декабри соли равон дар шаҳри Москва Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ- «Московская премьера» ҷараён мегирад. Дар он филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳмуддат аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия ва Узбекистон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати ҳакамони озмуни филмҳои кӯтоҳро коргардон ва киношинос аз Тоҷикистон, коршиноси Шабакаи пешбурди кинои Осиё (NETPAC) Шарофат Арабова раҳбарӣ мекунад.

Маросими пӯшидашавии фестивали мазкур 4 декабр, соати 17.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE