Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу

 Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷараён дорад, варзишгарони шинохтаи тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг ба гирифтани медали нуқра, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг ба гирифтани медали биринҷӣ, Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг ва Мирзоев Шаҳбоз дар вазни 60 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардиданд. Дар ин бора президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода аз макони мусобиқа хабар дод.

Сомон Турсунзода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгар аз Федератсияи Россия, дар даври сеюм бар варзишгар аз Чеченистон, дар даври чорум бар варзишгар аз Россия дастболо шуда, дар финал аз варзишгари доғистонӣ шикаст хӯрд ва сазовори медали нуқра гардид.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 13 декабр оғоз гардид ва то 18 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия идома меёбад. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг, Мустафо Шерализода дар вазни 30 кг, Масъуд Убайдов дар вазни 30 кг, Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 56 кг, Бобоҷон Мамадаминов дар вазни 60 кг, Шукрулло Мамасолеҳов дар вазни 75 кг, Қосимҷон Суфиев дар вазни 75 кг, Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кг, Алиакбар Исозода дар вазни 80 кг ва Шаҳзод Мирзоев дар вазни 60 кг иштирок мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE