Ғолибони мусобиқаи гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гардиданд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президент​ ​аз Тоҷикистон 2 нафар, аз ҷумла дар вазни 65 кг Орифҷон Додов ва дар вазни 71 кг Мирзоҷамил Рамазонов соҳиби ҷойи якум ва дар​ вазни 95 кг ва беш аз 95 кг варзишгарони эронӣ Масъуд Қавибозу ва узбекистонӣ​ Муҳсин Ҳисомиддинов соҳиби Шоҳҷоиза — автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии​ чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон давоми рӯз қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.


Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум​ мутаносибан​ 10 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ​ ва​ 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин​ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE