ШАҲРИ МУЪҶИЗАҲО»: БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ КӮДАКОНАИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони “Шаҳри муъҷизаҳо” доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд. Намоишномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавии “Шаҳри муъҷизаҳо” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2023 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштанд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оғоз намуда, нахуст паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2023 ба унвонии тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид. Воқеаву рӯйдодҳои намоишномаи “Шаҳри муъҷизаҳо” дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифта, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи “Ғунчаҳои пойтахт”, “Лаъл”, “Меҳрона”, “Гулрез”, “Зебо”, шогирдони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М.Атоев, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид. Дар намоишнома тавассути амалиёт аз ҷониби ҳунармандон сарзамини биҳиштосою афсонавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пойтахти он шаҳри дилорои Душанбе ситоиш гардид. Бо пешниҳоди намоиши солинавӣ ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахаюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд.