федератсияи дзюдои тоҷикистон саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора фаъол кард

федератсияи дзюдои тоҷикистон (фдт) аз дубора фаъол намудани саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук — (tajikistan judo federation), инстаграм – (tajikjudo) ва ютуб — (tajikjudo) хабар дод. Аз федератсияи дзюдои тоҷикистон иттилоъ доданд, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи федератсия хабарҳо дар бораи кушодани саҳифа ва паҳн намудани маълумоти нопурра ва бардурӯғ ба чашм мерасанд.
«ба маълумоти ҳаводорон ва мухлисони дзюдо мерасонем, ки саҳифаҳои расмии федератсияи дзюдои тоҷикистон дар инстаграм бо номи tajikjudo, дар фейсбук бо номи tajikistan judo federation ва дар ютуб tajikjudo фаъолият мекунанд», — таъкид намуданд дар федератсияи дзюдои тоҷикистон.
дар фдт зикр намуданд, ки маълумоти бештар ва хабарҳои расмиро мухлисон ва вао метавонанд инчунин аз сомонаи расмии федератсия дар суроғаи www.judo.tj дастрас намоянд.
акс: федератсияи дзюдои тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE